00:22 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Бангкок

Нахуствазири Тайланд: шахсияти тахрибкор шиносоӣ шуд

© Sputnik / Александр Юрьев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Фоҷиа дар маркази сайёҳӣ ва тиҷоратии пойтахти кишвар ба вуқӯъ пайваст. Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шахси гумонбар, ки эҳтимолан дар инфиҷори маркази тиҷоративу сайёҳии Бангкок даст дорад, шиносоӣ шуд, иброз дошт нахуствазири Тайланд Прают Чан-Оча.

Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, дар пайи таркиш 21 нафар қурбон шудаанд. Вазорати умури дохила мегӯяд, теъдоди осебдидагон ба 123 тан расидааст.

"Имрӯз дар наворҳо гумонбар пайдо шудааст, аммо ҳоло ин аниқ нест. Мо ин ҷавонро ҷустуҷӯ дорем",- иттилоъ медиҳад оҷонсӣ бо такя ба суханони сарвазир.

Нахуствазир афзуд, шояд ин ҷавон узви "гурӯҳи зиддиҳукуматӣ аст, ки дар шимолу шарқи Тайланд таъсис ёфтааст".

Таркиш дар назди як макони муқаддаси ҳиндуҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дастикам 21 кушта ва ҳудуди 123 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳанӯз касе масъулияти таркиш дар мазори Эраванро, ки дар як маркази Бангкок дар атрофи меҳмонсароҳои пуршукӯҳ воқеъ мебошад, бар дӯш нагирифтааст.

Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти пулиси Тайланд ва вазорати варзишу ҷаҳонгардии ин кишвар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия нестанд.

Барчаспҳо:
суханони нахуствазир, ҳалокати 21 нафар, инфиҷор, таркиш дар маркази пойтахти Тайланд, нахуствазири Тайланд, Прают Чан-Оча, Филиппин, вилояти Саратови Русия, Чин, Бангкок, Тайланд

Мавзӯъҳои асосӣ