Куштори ду журналисти шабакаи WDBJ аснои пахши мустақим

© APЧерез несколько мгновений, Фланаган застрелил корреспондента телеканала WDBJ Элисон Паркер и телеоператора Адама Уорда.
Через несколько мгновений, Фланаган застрелил корреспондента телеканала WDBJ Элисон Паркер и телеоператора Адама Уорда. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қотили ду журналисти шабакаи телевизионии WDBJ пеш аз суиқасд ба ҷони худ дар як номаи кӯтох ин амали худро ҳамчун қасос ба тирпаронии 17 июн дар калисои Чарлстон арзёбӣ кардааст. Инчунин, ӯ гуфтааст, ки ҳангоми фаъолият дар WDBJ мавриди табъиз, озори ҷинсӣ ва таҳқир қарор гирифта буд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ — Элисон Паркер ва наворбардор — Адам Уорд ҳангоми пахши барномаи мустақим дар иёлати Вирҷинияи ИМА бо зарби гулӯла кушта шуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба CNN.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса тақрибан соати 6:45-и субҳ ба вақти маҳаллӣ аснои мусоҳиба дар як маркази тиҷоратӣ рух додааст. Тавре маълум гардид, қотили ин ду журналист корманди собиқи шабакаи телевизионии WDBJ Вестер Флэнаган мебошад.

Ӯ рӯзи чаҳоршанбе замоне ба ҷониби ин ду ҳамкори собики худ оташ кушодааст, ки онхо гузоришеро дар шаҳри Монитаи Вирҷиния таҳия мекарданд. Хабарнигори шабакаи телевизионии WDBJ Элисон Паркер ва наворбардори ӯ Адам Уорд бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Фленаган дар аввал талош кардааст, худро аз назари кормандони пулис, ки дар шоҳроҳи байнииёлатии 1-66 ӯро таъқиб мекарданд, пинҳон шавад. Аммо баъдан ба хотири гурез аз ҷавобгарӣ ба ҷони худ бо истифода аз силоҳ суиқасд кардааст, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар як аз беморхонаҳои маҳаллӣ бистарӣ шуда, вазъияташ вахим арзёбӣ мешавад.

Қотили ду журналисти шабакаи телевизионии WDBJ пеш аз суиқасд ба ҷони худ дар як номаи кӯтох ин амали худро ҳамчун қасос ба тирпаронии 17 июн дар калисои Чарлстон  арзёбӣ кардааст. Инчунин, ӯ гуфтааст, ки ҳангоми фаъолият дар WDBJ мавриди табъиз, озори ҷинсӣ ва таҳқир қарор гирифта буд.

Тирпарронӣ дар калисои Чарлстоне, ки ҳамчун ҳамлаи нажодпарастӣ таллақӣ мешуд, 17 июни соли равон аз сӯи як сокини 21-солаи сафедпӯсти амрикоӣ Дилан Руф сурат гирифта, дар пайи он 9 шаҳрванди сиёҳпусти ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дилан Руф як рӯз баъд аз ҳодиса аз тарафи кормандони пулис боздошт шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0