13:56 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акбари Сатторро дар зодгоҳаш- деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба хок супурданд

Акбари Сатторро дар зодгоҳаш- деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба хок супурданд

© Sputnik Хилватшо Ходжаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳфаҳои ВАО-и электрониву чопӣ, маҳофили журналистӣ хабари марги Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) тайи се рӯзи ахир дар сархат қарор дорад. Сиёсатмадорон, мансабдорони баландпоя, ашхоси оддӣ ва дӯстону ҳамкорон ба наздикони марҳум изҳори тасаллият карда, ба эшон сабри ҷамил мехоҳанд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Рӯзи шанбеи гузашта Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов), раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи расонаҳои "Чархи гардун" дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Дар маросими видоъ бо ӯ раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон Низом Қосим, сарвари кулли ҶСШК "Агроинвестбонк" ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, шахсони дигари расмӣ, инчунин теъдоди зиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳфаҳои ВАО-и электрониву чопӣ, маҳофили журналистӣ хабари марги Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) тайи се рӯзи ахир дар сархат қарор дорад. Сиёсатмадорон, мансабдорони баландпоя, ашхоси оддӣ ва дӯстону ҳамкорон ба наздикони марҳум изҳори тасаллият карда, ба эшон сабри ҷамил мехоҳанд.

Бино ба қавли бародари марҳум- Бахтиёр Сатторов қалби ӯ соати 16:00-и баъд аз зӯҳри рӯзи 28 август дар бӯстонсарои шахсиаш воқеъ дар маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз задан бозмондааст.

"Вақтҳои ахир вазъи саломатии Акбари Саттор хуб набуд. Ӯ аз бемории ҷигар ва қалб шикоят дошт".

© Sputnik
Бо Акбари Саттор дар Ҳисор видоъ гуфтанд

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Жданов (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) мебошад.

Фаъолияти кориашро дар соли 1990 аз нашрияи "Ҷумҳурият" оғоз кардааст, баъд аз он ба рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" даъват шуда, сипас то соли 1994 дар нахустин нашрияи парлумонӣ- "Садои мардум" ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъбаи сиёсат ва ҳуқуқ кор кардааст.

Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи "Дайджес пресс" рӯйи чоп оварда, ба дунболи он дар соли 1994 "Чархи гардун"-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии "Чархи гардун"-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин "Вечерний Душанбе", "Аладдин" ва "Марду зан"-ро фаро мегирифт.​ Аз соли 2007 то дами маргаш вазифаи раисии Иттифоқи Журналистони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Акбари Саттор соҳиби ҳамсар ва чаҳор фарзанд буд.

Барчаспҳо:
ба хок супурда шудани ҷанозаи Акбари Саттор, бемории ҷигар, даргузашти Акбари Саттор, сактаи қалб, рӯзномаи "Ҷумҳурият", Донишгоҳи давлатии Ленинград, ҶДММ "Чархи гардун", нашрияи "Садои мардум", ИЖТ, Бахтиёр Сафаров, Усмон Сабзов, Акбаралӣ Сатторов, Акбари Саттор, Муродалӣ Алимардон, Мортеппа, Чоряккорон, Ленинград, Ҳисор, Санкт-Петербург, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ