Фурудгоҳи “Домодедово” бо реҷаи қаблӣ фаъолият дорад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкХидматрасонии ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи "Домодедово"
Хидматрасонии ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дуди ғализ дохили бинои терминалро печонида, нафаскаширо мушкил кард. Сӯхтори қаблан дар анбори ширкати “Strabag” рухдода масоҳати беш аз 15 метри мураббаъро фаро гирифта буд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав пас аз оташсӯзии субҳи панҷшанбе фаъолияташро бо реҷаи муқаррарӣ ба роҳ монд, касе барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат накардааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии фурудгоҳ.

"Соати 09.20 ба вақти Маскав дуду оташ дар бинои фурудгоҳи "Домодедово" бартараф гардида, фаъолияти аэровокзал тибқи реҷа идома дорад. Дуди ғализ аз анбори ширкати Strabag ба дигар ҷойҳо паҳн мешуд",- иброз дошт мусоҳиби оҷонсӣ.

Ба қавли ӯ, масоҳати оташсӯзӣ ҳудуди 15 метри мураббаъро фаро мегирифт, аммо аз сабаби ворид шудани дуд ба системаи ҳавотозакунӣ дар терминал мушкилот ба вуҷуд омад. Барои ҳамин мусофирон ва кормандони терминалро кӯчонидем. Ба иттилоъи ВҲФ дар маҷмӯъ 3 ҳазор нафар кӯчонида шуданд.

"Касе барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат накард ва ин гуна ҳолат ҳам ба қайд нарасидааст",-қайд кард масъули дафтари матбуотии фурудгоҳ. Ба қавли манбаъи РИА Новости дар ин вақту соат 60 парвозу фурудоии ҳавопаймоҳо ба таъхир уфтод, аммо ҳоло сухан дар бораи ҳамагӣ 30 парвоз меравад. Қаблан иттилоъе пахш шуда буд, ки аз сабаби сӯхтор парвози ҳавопаймоҳо манъ гардидааст.

Ширкати ҳавонавардии S7 яке аз аввалинҳо буд, ки дар бораи таъхири парвозҳо аз фурудгоҳи Домодедово дар саҳифаи расмиаш иттилоъ дод.

Лентаи хабарҳо
0