04:04 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Масҷид

Алломаи Регарӣ дар синни 68-солагӣ даргузашт

© Sputnik / Руслан Кривобок
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1701

Алломаи Регарӣ аз чанд муддат ба ин сӯ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалб дар назди бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эшони Алломаи Регарӣ, рӯҳонии маъруфи тоҷик дар синни 68-солагӣ дар бемористони Қарияи Боло субҳи 9 сентябр даргузашт, хабар медиҳад яке аз пайвандони вай Саидэҳсон Солеҳов.

Эшонҷон Абдушарипов маъруф ба Алломаи Регарӣ аз чанд муддат ба ин сӯ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалб дар назди бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд.

Бар тибқи иттилои аввалия, сабаби марги ӯ сактаи қалбӣ гуфта мешавад. Саидэҳсон Солеҳов мегӯяд, ҷанозаи ин рӯҳонии маъруф имрӯз баъд аз намози аср дар шаҳри Турсунзода ба хок супурда мешавад.

Алломаи Регариро як шахсияти мӯътабар дар миёни рӯҳониёни тоҷик меноманд.

Алломаи Регарӣ соли 1947 дар водии Қаротегин таваллуд шуда, соли 1950 дар ҳоле, ки се сол доштааст, ба ноҳияи собиқ Регар, ҳоло Турсунзода муҳоҷир мешавад. Вай таълимоти ибтидоии динии худро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ, як рӯҳонии дигари маъруфи замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон гирифтааст. Дар замони Шӯравӣ ӯ сӣ сол ба ҳайси мироб кор кардааст. Соли 1988 дар замони Шӯравӣ сархатиби масҷиди "Аллома"-и Регар интихоб мешавад ва то замони даргузашташ дар он ҷо фаъолият доштааст.

Аз соли 1999 то соли 2006 ҳамзамон дар Донишкадаи ба номи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе ба ҳайси мударрис кор кардааст.

Барчаспҳо:
рӯҳонӣ, бемории қалб, 78-солагӣ, марг, Алломаи Регарӣ, Турсунзода

Мавзӯъҳои асосӣ