19:49 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Дар соҳили обанбор. Акс аз бойгонӣ

Ду кӯдак дар Хатлон ғарқ шуданд, дигаре дар Суғд худро ба дор овехт

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Тайи шабонарӯзи гузашта дар шимолу ҷануби Тоҷикистон дар маҷмӯъ се кӯдаки а 3 то 15-сола ба ҳалокат расидаанд, ки мӯъҷиби нигаронии мақомот ва волидайн шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта кормандони милитсия ду ҳодисаи нохуши фалокатборро дар ноҳияи Қубодиён ва шаҳри Қурғонтеппа ба қайд гирифтанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

"Кӯдаки 3-сола аз ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётии волидайнаш беназорат монда, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамин тариқ, духтарчаи 3-солаи шаҳри Қурғонтеппа низ аз беназоратӣ ва беэҳтиётии волидайн ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, фавтидааст.

Дар ҳамин ҳол, як донишомӯзи 15-сола дар шимоли кишвар худро овехтааст, менависад хабаргузории Озодагон. Ба иттилоъи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд ҳодисаи худкушӣ рӯзи якшанбе дар ноҳияи Ғончӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

"Ба фарзияи пешакӣ кудкушии ноболиғ ба ҳолати равонӣ рабт дорад. Мақомоти дахлдор ба тафтиши ҳодиса машғуланд",- менависад манбаъ.

Даст ба худкушӣ задани як ноболиғ дар ноҳияи Ғончӣ дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта дар шимоли Тоҷикистон- дар навоҳии Ашту Панҷакент ду ҳолати худкушӣ ба қайд расидааст.   

Барчаспҳо:
фоҷиа, кӯдакон ғарқ шуданд, худкушӣ, доровезӣ, ВКД ҶТ, Қӯрғонтеппа, Қубодиён, Ғончӣ, Суғд, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ