Ҳукумати Восеъ: фармондеҳи “Алфа” дар Тугарак ба хок супурда мешавад

© SputnikРустое дар водии Ромит
Рустое дар водии Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли мудири шӯъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Восеъ, ҳоло фаъолон ва раҳбарияти ин ноҳия мунтазири расидани ҷасади сарҳанги кушташудаи гуруҳи “Алфа” мебошанд, ки дар роҳ ба сӯи зодгоҳ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ҷанозаи Рустам Амакиев дар зодгоҳаш – ҷамоати Тугарак ба хок супорида мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ҷанозаи фармондеҳи гуруҳи "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Рустам Амакиев дар ноҳияи Восеъ ба хок супорида мешавад, гуфт раҳбари шӯъбаи фарҳанги ҳукумати ин ноҳия Хисрав Алиев дар суҳбат бо Sputnik.

"Аз соати 5 субҳ тамоми фаъолон ва раҳбарияти ноҳия мунтазиранд, ки кай ҷасади марҳум ба зодгоҳаш мерасаду онро ба хок супоранд. Албатта, ҳоло маълум нест, он кай ба ин ҷо мерасад. Ҷанозаи ӯ дар ҷамоати Тугарак баргузор хоҳад шуд",- иброз дошт Алиев.

Ӯ қайд кард, ки ҳанӯз ҷузъиёти қатли сарҳанг барои онҳо маълум нест.

ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ҳамроҳ бо Амакиев ду узви дигари гуруҳи "Алфа" низ ҳангоми задухӯрд бо дастаи Абдуҳалим Назарзода кушта шудаанд.

Полковник Рустам Амакиев зодаи ноҳияи Восеъ буда, дар соли 1974 ба дунё омадааст. Вақтҳои ахир бошад, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Соли 1997 омӯзишгоҳи ҳарбӣ-десантии шаҳри Рязани Русияро хатм карда, аснои ифои вазифа аз ҷониби давлат бо медали "Шуҷоат" мукофотонида шудааст. Ӯ оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар суҳбат бо Sputnik гуфт, ҳоло дар дараи Ромит музокирот бо худи Назарзода идома дорад. Аммо ҳамсуҳбати мо нагуфт, бо собиқ муовини вазири дифои кишвар кӣ вориди музокира шудааст.

Инчунин, тибқи иттилои манбаъи мо, дар пайи задухӯрди неруҳои кишвар бо дастаи генерал Назарзода, Ҷунайдулло Умаров, полковники пешини Вазорати дифоъ ва яке аз ҷонибдорони генерали фирорӣ кушта шудааст. Вале сарчашмаи хабар аз ироаи ҷузъиёти бештар ҳалокати ӯ худдорӣ намуд.

Султони Ҳамад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ аз ҷумлаи сулҳхоҳон буданд

Бояд гуфт, имрӯз хабари нобуд сохтани гуруҳи Абдуҳалим Назарзода бо шумули худи генерал ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ нашр шуд, ки аз сӯи мақомот то ҳол ин иттилоъ тасдиқ ё такзиб нашудааст.

Ёдрас менамоем, амалиёти нируҳои қудратии Тоҷикистон зидди афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр оғоз гардида буд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи милиса дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 корманди мақомоти қудратиро куштанд. Вазорати умури дохилии кишвар пас аз чанд соати ин ҳамалот бо нашри изҳороте ин ҳамаро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Матолиби бештари марбут ба қазияро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

 

Лентаи хабарҳо
0