19:59 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Шаҳри Бағдод. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ҳалокати 13 нафар бар асари таркишҳо дар Бағдод

© Sputnik / Игорь Михалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Дар пайи пурзуршудани фаъолияти ҷангиёни “Давлати исломӣ” вазъият дар Ироқ ҳамоно мутшанниҷ аст. Қурбониёни ҳамлаву таркишҳои ҷангиёни ин созмон, ки як қисамти қаламрави Ироқро дар даст доранд, дар бештари маврид сокинони осоишта мебошанд.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар натиҷаи ду таркиш, ки аз сӯи ҷангиёни интиҳорӣ дар маркази шаҳри Ироқ анҷом дода шуданд, 13 нафар кушта шуда, 69 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба шабакаи тилевизионии As Sumaria.

"Бар асари таркише, ки аз тарафи ҷангиёни маргталаб дар майдони ал-Васб анҷом дода шуд, 5 нафар ба ҳалокат расида, 29 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки миёни онҳо 5 корманди пулиси роҳ ҳам ҳаст",-иттилоъ додааст As Sumaria аз қавли мақомоти қудратии ин кишвар.

Як манбаъи дигар аз мақомоти қудратии Ироқ бидуни бурдани номаш гуфтааст, дар минтақаи "ал-Боб ал-Шарқия", воқеъ дар маркази Бағдод инфиҷоре рух додааст, ки 7 кушта ва 40 захмӣ бар ҷой гузошт ва миёни онҳо кормандони пулис низ ҳаст. То ҳол ҳеч гуруҳи террористе масъулияти ин ҳамлаҳоро бардӯш нагирифтааст.

Дар пайи пурзӯр шудани фаъолияти ҷангиёни "Давлати исломӣ" вазъият дар Ироқ ҳамоно мутшанниҷ мебошад. Қурбониёни ҳамлаву таркишҳои ҷангиёни ин созмон, ки як қисмати қаламрави Ироқро дар даст доранд, дар бештари маврид сокинони осоишта мебошанд.

Барчаспҳо:
инфиҷор 13 кушта бар ҷой гузошт, таркиш ва сӯхтор дар Одесса, ҷанг дар Ироқ, ДИ, Давлати исломӣ, Бағдод, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ