22:57 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Дастгиршуда. Акс аз бойгонӣ

Боздошти ҷавони 23-сола ба иттиҳоми таҷовуз дар Душанбе

© Sputnik / Андрей Стенин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Мақомоти пулиси Тоҷикистон алайҳи як сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини 23-солаи пойтахтро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт кардаанд, менависад дафтари матбуотиb ВКД.

"Рӯзи 16 сентябри соли равон ба Шӯъбаи умури дохилии Фирдавсӣ зани 21-сола аз шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар хонаи истиқоматиаш марди 23-сола аз пойтахт, бо роҳи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз намудааст",- навиштааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, ки гумонбар аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ боздошт шуда, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.

 

Барчаспҳо:
ҷавони 23-сола, боздошти гумонбар, таҷовуз, ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, ВКД ҶТ, ноҳияи Фирдавсӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ