21:55 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

ВКД: ҳалокати ду нафар дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бетаваҷҷуҳии ронандагон боиси ҳалокати ду нафар дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи ахир шудааст.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ду садамаи нақлиётии маргбор дар давоми ду рӯзи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст,  - менависад, сомонаи ВКД.

"Рӯзи 30 сентябри соли 2015 ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Қумсангир дучархасавор — марди 52-солаи сокини ноҳияи Ҷиликулро, пахш намудааст. Дар натиҷа дучархасавор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — афзудааст, манбаъ.

Рӯзи 1 октябр ронандаи "Опел-Астра"  аз ноҳияи Тоҷикобод  дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, духтарчаи 6-солаи сокини маҳаллиро пахш намудааст, ки дар натиҷа ӯ бар сари бардоштани  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона фавтидааст.

Субҳи 2 октябр як сокини шаҳри Душанбе ба кормандони ВКД муроҷиат карда, аз рабуда шудани автомошинаи "Опел"-и худ, ки ба иддаои соҳибаш 25 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад, шикоят кардааст.

Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони рабудани автомашинаи мазкур дастгир намудаанд.

 "Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад", — афзудааст манбаъ.

Барчаспҳо:
шоҳроҳ, дучархасавор, садама, нақлиётӣ, ҳалокат, ВКД, садама ва ҳалокати ду нафар, ВКд, Қурғантеппа, Рашт, Қумсангир, Душанбе, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ