03:30 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар натиҷаи бомборон шудани беморхонаи созмони байналмилалии “Табибони бидуни марз” дар шаҳри Қундуз 22 нафар ба ҳалокат расидааст, ки 12 нафари онҳо кормандони беморхона ва 10 тани дигар беморонанд.

Душанбе, 6 окт — Sputnik. Ин ҳамлаи ҳавоӣ ба беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар шаҳри Қундуз, ки дар пайи он кормандон ва беморон кушта шудаанд, бо дархости неруҳои миллии Афғонистон сурат гирифтааст, навиштаанд, расонаҳои ғарбӣ бо истинод ба фармондеҳи нерӯҳои кумаки амниятии байналмилалӣ дар Афғонистон Ҷон Кэмпбелл.

Дар натиҷаи тирборон шудани беморхонаи "Табибони бидуни марз" дар шаҳри Қундуз 22 нафар ба ҳалокат расидааст. 12 нафари онҳо кормандон ва 10 тани дигар беморон мебошанд.

"Мо муайян сохтем, ки 3 октябр неруҳои милии Афғонистон аз ҳамлаи мусаллаҳонаи неруҳои мухолифин хабар дода, аз неруҳои ҳавоии ИМА кумак хостаанд. Сипас барои рафъи ин таҳдид беморхона мавриди ҳамла қарор дода шуд ва нохост дар натиҷаи он чан сокини осоишта ҳам ҷон додааст", — гуфтааст, Кэмпбелл, рӯзи душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар ҳамин ҳол, волии вилояти Қундузи Афғонистон Ҳамдуллоҳ Донишӣ дирӯз гуфтааст, беморхонаи "Табибони бидуни марз", ки мавриди ҳамлаи неруҳои ҳавоии ИМА қарор гирифт, ҳамчун пойгоҳ аз сӯи ҷангиёни Толибон истифода мешуд.

"Шаҳраки беморхона 100% мавриди истифодаи Толибон қарор дошт. Ин беморхона дорои боғи бузурге аст ва ҷангиёни Толибон ҳам дар он мустақар буданду мо як муддат тирҳои онҳоро тоқат кардем", — навиштааст, нашрияи Washington Post аз қавли Донишӣ.

Барчаспҳо:
Табибони бидуни марз, Қундуз, ИМА, ҳавоӣ, ҳамла, тирборон, Ҳамдуллоҳ Донишӣ, Ҷон Кэмпбелл, Қундуз, Афғонистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ