04:13 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Сейсмограф. акс аз бойгонӣ

Афзоиши шумори қурбониёни заминларза дар Афғонистон ва Покистон

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / Seismograph
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ин заминларза Покистон, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбакистон ва Қазоқистонро ҳам такон додааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Заминларзаи 7,5 балӣ дар Афғонистон боиси ҳалокати дасти кам 5 нафар гардида, 55 тани дигар ҳам захм бардоштаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рейтер.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар вилояти Бағлони Афғонистон дар пайи ин заминларза 5 кӯдак маҷруҳ шудаанд.

Ин заминларза Покистон, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам такон додааст.

Расонаҳои Покистон инчунин аз ҳалокати 13 нафар ва захмии 300 тани дигар хабар дода буданд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар қаламрави кишвар ҳам соатҳои 14:09-и зуҳри 26 октябр ба қайд гирифта шуда, иқтидори он то 7 бал гуфта мешавад. Дар шаҳри Душанбе шиддатнокии он 5-6 балро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз иттилое дар мавриди талафоти ҷонию молӣ дар пайи ин заминларза рӯи даст нест.

Барчаспҳо:
Бағлон, марказ, баллӣ, заминларза, кӯдак, Ҳиндустон, захмӣ, ҳалокат, Покистон, Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Бағлон, Ҳиндустон, Узбакистон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ