15:21 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Маҳалли суқути Airbus A321 дар Миср

Пайдо шудани ҷасадҳои нав дар маҳалли суқути "А321" дар Миср

© Sputnik / Максим Григорьев/ТАСС/POOL
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

гуруҳи наҷотдиҳандагони Русия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, аз ҷумла гармии шадиди ҳаво ба кори худ идома хоҳанд дод.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Гуруҳи наҷотдиҳандагони Русия дар маҳалли суқути ҳавопаймои "А321" дар Сино ҷасадҳои дигари қурбониёнро пайдо кардаанд, гуфтааст раҳбари гуруҳи фаврии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия Александр Агафонов.

"Ҳангоми бозҷӯии маҳалли ҳодиса наҷотдиҳандагони рус тавассути автомошинаи наҷотдиҳии "Розенбауер" қисми ҷудошудаи ҳамопайморо бардоштанд, ки дар натиҷа ҷасадҳои нави қурбониён пайдо шуд", — гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Агафонов, ин қисмати ҳавопаймо ба таври маъкус дар замин хобида будааст.

Раҳбари гуруҳи фаврии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия таъкид кардааст, ки корҳои ҷустуҷӯи дар макони ҳодиса ҳанӯз ҳам идома дорад ва ҳайати гуруҳи онҳо иборат аз 80 нафар аз ҳисбои марказҳои "Тсентроспаса" ва "Лидер" Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мебошад.

"Дар сурати пайдо шудани пораҳои нав маълумот ба урдугоҳи марказӣ расонида мешавад. Қисматҳои порашуда ба ҳар тараф бозгӯкунандаи онанд, ки ҳавопаймо алакай дар осомон ба қисматҳо ҷудо шуданро шуруъ кардааст", — шарҳ медиҳад Агафонов.

Ӯ таъкид кардааст, ки гуруҳи наҷотдиҳандагони Русия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, аз ҷумла гармии ҳаво ба кори худ идома хоҳанд дод.
Қаблан беш аз 130 ҷасади қурбониёни ин ҳавопаймо ба шаҳри Санкт-Петербург интиқол дода шуд ва ҳоло раванди шиносоии ҳувияти онҳо шуруъ шудааст. Ҳавопаймои дуюми Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ки ҳомили баъзе аз қисматҳои ҷасадҳо ва ашёҳои шахсии марбут ба қурбониён буд, субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Пулков ба замин нишаст.

Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки мехост аз Шарм уш-Шайх ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кунад, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷон доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

Копирайт МЧС РФ
Наҷотдиҳандагон бо занбарҳо дар интизори ҷасадҳои қурбониёни "Airbus"

 

 

Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, Петербург, Санкт, фавқулода, ҳолатҳо, вазорат, Русия, Миср, Сино, нимҷазира, ҳавопаймо, суқут, ҷасад, пайдо шудани ҷасадҳои нав, идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, Александр Агафонов, Сино, Миср, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ