02:03 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Корд

Ҳалокати майор Мирзоев ва прапоршик Насибов бар асари захми корд

CC0 / Mr Seb / The diary of a psychopath, day 2
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Чаҳор корманди комисариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ду тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Душанбе шахсони номаълум ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро ба қатл расонданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Фоҷиаи мазкур субҳи рӯзи шанбеи гузашта рух додааст.

"Шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштанашон, бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссарияти мазкур, Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд", — иттилоъ медиҳад ВКД.

Бар асари ин Пӯлод Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо захмҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат, Ҳамза Насибов низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазъи саломатии дигар ҷабрдидагон мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандоне, ки оиди ин қазия ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, хоҳиш кардааст, ки бо телефонҳои 02, 102, 221-21-21, 221-15-00 тамос гиранд.

Мавзуъ

Барканории ду декани ДДК дар пайи ҳодисаи куштор
Барчаспҳо:
афроди номаълум, ҷинояткорон, ҷабрдидагон, корд, ҳамла, куштор, ҳамла ба кормандони комиссариат, куштор бо корд, комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ВКД-и ҶТ, Ҳамза Насибов, Рустам Саъдуллоев, Мирзоев Пулод, ноҳияи Сино, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ