Даргузашти коргардони маъруфи рус Георгий Юнгвалд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКоргардон Георгий Юнгвалд-Хилкевич
Коргардон Георгий Юнгвалд-Хилкевич - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргардони маъруфи рус ва шӯравӣ чанде қабл дар беморхона бистарӣ шуда буд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Коргардон Георгий Юнгвалд-Хилкевич, ки дар филми машҳури моҷарои туфангдорон нақш офарида буд, дар синни 82-солагӣ дар бемористони Боткинский даргузаштааст, иттилоъ медиҳад духтари ӯ.

Қаблан дар расонаҳо хабари ба таври оҷил бистарӣ шудани ин коргардони шинохта дар беморхона нашр шуда буд.

Георгий Юнгвалд-Хилкевич бо филмҳои "Д'Артанян ва се мушкетёр", "Сафари ҳунарии хатарнок", "Бандии қалъаи ИФ" ва "Ах, водевил, водевил…", ки дар онҳо нақши асосиро бозидааст, миёни бинандаҳо маъруф аст.

Ӯ рӯзи 22 октябри соли 1934 дар шаҳри Тошканди Узбакистон ба дунё омада, соли 1956 Донишкадаи меъмории Тошканд ва соли 1963 Донишкадаи театр ва ҳунари ба номи А.Н.Островскогои пойтахти Ӯзбакистонро хатм кардааст.

Ин ҳунарманди машҳури шӯравӣ инчунин курсҳои олӣ барои филмноманависон ва коргардонони филмбардорро ба поён расондааст.

Бо офаридани нақши асосӣ дар филми маъруфи "Д'Артанян ва се мушкетёр" ҳамроҳ бо Михаил Боярский, Вениамин Смехов, Игор Старигин ва Валентина Смирнитский миёни сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ инчунин соли 2009 боз як филми туфангдоронро бо номи "Бозгашти мушкетёрҳо"-ро ба навор гирифт.

Георгий Юнгвалд-Хилкевич дар вазифаҳои рассоми театри драмавии ба номи Ҳамзаи шаҳри Тошканд, сардори рассомони киностудияи давлатии "Тоҷикфилм"-и Одесса, раҳбари бадеии филми телевизионии "Зигзаг" (1966-1990) кор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0