Ташдиди чораҳои амниятӣ дар Фаронса: аз бастани марзҳо то таълимгоҳҳо

© AP / Thibault CamusОдамон дар наздикии театри "Баталкан" дар Порис
Одамон дар наздикии театри Баталкан дар Порис - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси иттилои аввалия, дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам ҳалокати 8 террорист ба қайд гирифта шудааст, ки баъзе аз онҳо барои иҷрои ин ҳамлаҳо худро таркондаанд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар пайи ҳамлаҳои хунин ва бесобиқаи Порис, ки ҷони беш аз 100 нафарро гирифта, даҳҳо тани дигарро маҷруҳ сохтанд, дар қаламрави Фаронса ҳолати фавқулода эълон гардида, тадобири амниятӣ пурзӯр шудааст.

Ҳоло марзҳои Фаронса бо тамоми кишварҳои ҳамсояаш баста буда, фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимӣ муваққатан қатъ шудааст ва ҳатто кори метрополитени пойтахти ин кишвар низ маҳдуд гардидааст.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар Порис

Тибқи иттилои расмии мақомоти ин кишвар, шаби 13 ба 14 ноябри соли равон дар умум дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса таркишу тирпарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Дар натиҷаи ин ҳамлаҳои ҳаросафканӣ, дар Порис наздик ба 160 нафар кушта шуда, 200 тани дигар захм бардоштаанд, ки вазъи 40 нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Мақомоти Фаронса эълон кардаанд, ки ҳамлагарон инчунин даҳҳо тани дигарро ҳам ба гарав гирифтаанд.

Бар асоси иттилои аввалия, дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам ҳалокати 8 террорист ба қайд гирифта шудааст, ки баъзе аз онҳо барои иҷрои ин ҳамлаҳо худро таркондаанд.

Валс: ҳамлаҳои Порис аз Сурия ташкил ва роҳандозӣ шуданд

Ҳамагӣ чанд дақиқа баъд аз сурат гирифтани ҳамлаҳо ҷангиёни созмони террористии маъруф ба ДИИШ онҳоро кори дасти ҳаммаслакони худ хонда, масъулиятро бар уҳда гирифтаанд.

Дар пайи ин ҳаводис мақомоти Фаронса бо бастани марзҳои худ аз сокинони ин кишвар ҳам даъват карданд, бидуни зарурат аз баромадан ба кучаҳо худдорӣ кунанд. Ҳатто аксари ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон парвози ҳавопаймоҳои худ ба шаҳри Порисро муваққатан манъ карданд.

Ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябри Порис дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0