07:53 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Бар асари сонеҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ 5 нафар фавтида, кӯдаки 1,5 сола зинда мондааст.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати Хушекати ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, аз сабаби боришоти зиёди барфу борон аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба автомашинаи тамғаи "Хундай-Старекс", ронандааш сокини 32-солаи ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷаи он, автомашина ба ҷуқурии 300 метр сарозер шудааст.

Бар асари ҳодиса ронандаи автомашина Равшанбек Наботови 32-сола, зодаи Куҳистони Мастчоҳ ва мусофирони он Кучакмаҳмад Мирзоеви 68- сола, инчунин Муҳаббат Латифова, Санавбар Абдураҳмонова, Халилулоҳ Абдураҳмонзода- сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ фавтида, Гулрӯ Абдураҳмонзодаи якунимсола зинда мондааст.

"Санавбар Абдураҳмонова дар лаҳзаи садама духтарчааш Гулрӯро аз тирезаи мошин ба берун мепартояд, ки феълан саломатии ӯ мӯътадил мебошад",-мегӯяд манбаъ.

Мавзуъ

ВКД: ҳалокати 11 нафар дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯз
Барчаспҳо:
фавтида, сарозер, Хундай-Старекс, борон, сангпора, Айнӣ, бархурдан, садама, ҳалокат, садама дар ноҳияи Айнӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Гулру Абдураҳмонзода, Халилулоҳ Абдураҳмонзода, Санавбар Абдураҳмонова, Равшанбек Наботов, Муҳаббат Латифова, Кучакмаҳмад Мирзоев, Куҳистони Мастчоҳ, Хуҷанд-Душанбе, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ