10:59 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Амалиёти вижаи пулиси Порис дар Сен-Дени

ВАО: ташкилкунандаи ҳамлаҳои Порис Абдулҳамид кушта шуд

© AP/ Christophe Ena
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Неруҳои вижаи пулиси Фаронса 18 ноябр амалиёти вижаеро дар минтақаи шимолии Порис гузарониданд, ки дар яке аз ҳуҷраҳо дастандаркорони эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр пинҳон буданд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ташкилкунандаи эҳтимолии силсила ҳамлаҳои 13 ноябри Порис Абдулҳамид Абауд ба ҳалокат расид, навиштааст РИА Новости бо истинод ба нашрияи Washington Post.

Субҳи чаҳоршанбе амалиёти вижаи пулиси Фаронса дар минтақаи мазкури Порис гузаронида шуд, ки дар яке аз ҳуҷраҳо дастандаркорони эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр пинҳон буданд. Бар асоси иттилои ВАО, яке аз ҳадафҳои ин амалиёт боздошти ташкилкунандаи эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр Абдулҳамид Абауд ба шумор мерафт.

Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

Ин силсила ҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

Барчаспҳо:
Абдулаҳмид, 13 ноябр, вижа, Порис, пулис, Эмомалӣ, Раҳмон, Фаронса, ҳамла, Эмомалӣ Раҳмон, Порис, Фаронса, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ