01:56 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Қаблан аз ҳалокати 99 нафар хабар дода буданд. Шумори дақиқи қурбониёни зериярчмонда ҳанӯз маълум нест, чун мақомот рӯйхати дақиқи сокинони манозилро надоранд.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шумори ҳалокшудагон дар пайи фаромадани ярч дар иёлати Качин, воқеъ дар шимоли Мянма ба 104 нафар расид, наздик ба 100 тани дигар бе ному нишон шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи "The Global New Light of Myanmar".

Қаблан аз ҳалокати 99 нафар хабар дода буданд.

Тибқи иттилои расида, то шоми якшанбе наҷотдиҳандагон ҷасади 103 нафарро аз зери хок берун овардаанд. Як нафари дигар дар беморхона ҷон додааст.

Раиси шаҳри Хпакан Тин Све Минт (Tin Swe Myint) дар суҳбат бо Рейтер гуфтааст: "Мо шумори дақиқи сокинони зери ярч мондаро намедонем, чун рӯйхати сокинони ин минтақаро надорем".

Ба иттилои манбаъ, ҷустуҷӯи қурбониён рӯзи якшанбе муваққатан қатъ шуда, субҳи душанбе дубора аз сар гирифта шудааст.

Рӯзи шанбе дар шимоли Качин, шаҳри Хпакан ярч фаромадааст ва тибқи иттилои расмӣ, на камтар аз 70 хона зери хок мондаанд.

Барчаспҳо:
хок, қатъ, зериярчмонда, фаромадани ярч, ҳалок, рӯйхат, сокинон, фавти инсонҳо, ҳалокати одамон дар Мянма, The Global New Light of Myanmar, РИА Новости, Маянма, Качин

Мавзӯъҳои асосӣ