ВАО: ҳалокати як фармондеҳу ду раҳбари калидии Толибон дар Афғонистон

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкФурудгоҳи Кобул. Ҷанг дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Кобул. Ҷанг дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои манбаъ, гӯиё дар пайи амалиёти мазкур 20 тани дигари ин ҷунбиш захм бардоштаанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар пайи як амалиёти ҳавоии неруҳои низомӣ дар Афғонистон 11 ҷангҷӯй ва фармондеҳи гуруҳи таҳрики "Толибон"-и Покистон Хонсаид Саҷно кушта шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Телеграф бо истинод ба манобеи покистонӣ.

Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

Ин хабаргузорӣ такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятии Покистон навиштааст, ки ин амалиёт дар шарқи Афғонистон сурат гирифта, миёни кушташудагон ду раҳбари калидии Толибон Наим Кучӣ ва Кифоят Кучӣ ҳам мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, гӯиё дар пайи амалиёти мазкур 20 тани дигари ин ҷунбиш захм бардоштаанд.

Қаблан ҳам дар натиҷаи як амалиёти ҳавоӣ дар вилояти Нангарҳор 8 ҷангҷӯй ба ҳалокат расида буд.

Ин амалиётҳои ҳавоӣ барои нобуд сохтани ҷангиён дар ҳолест, ки пайравони гуруҳи террористии Толибон бо вуҷуди талошҳои мудовими ҳукумати Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот бо онҳо ҳамлаҳои худро охирҳои моҳи апрели соли равон густариш доданд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0