03:47 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Вазъи изтирорӣ. Акс аз бойгонӣ

ВАО: инфиҷор дар фурудгоҳи Истамбул шояд теракт бошад

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар минтақаи таваққуфи ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Истамбул таркиш ба вуқӯъ пайваст, ҳоло ҷустуҷӯи мақомот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар дуввумин фурудгоҳи бузурги Туркия- фурудгоҳи мавсум ба Сабиҳа Гукчен дар шаҳри Истамбул дар таркише як нафар кушта ва як нафари дигар маҷруҳ шудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Мақомоти интизомӣ тафтишро дар маҳалли ҳодиса идома медиҳанд, то маълум шавад, ки ин таркиши бам будааст ё чизи дигар.

Аснои таркиш дар атроф мусофирон набудаанд. Қурбониёни таркиш кормандони рӯбучини фурудгоҳ мебошанд. Пулис тадибири амниятиро тақвият додааст ва даромадгоҳҳоро ба назорат гирифтааст. Мошинҳоро ҷустуҷӯ мекунанд ва чархболе дар болои фурудгоҳ ба парвоз даромадааст.

Дар Туркия маъмулан таркишҳоро тундравҳои курд, чапгароён ва тундравҳои исломӣ анҷом медиҳанд. Муноқишаи байни Ҳизби Коргарии Курдистон (ҲКК) ва ҳукумати Туркия аз 30 сол ба ин сӯ идома дорад ва баъд аз нақзи оташбаси ҷонибҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ дар манотиқи курднишин дар ҷанубу шарқи кишвар хушунатҳо оғоз шудааст.

Мавзуъ

Туркия: набуди гази русӣ фоҷеа аст
ВАО: Туркия манотиқи марзии Ироқро бомборон кард
Барчаспҳо:
таркиш, мусофирон, амният, курд, хушунат, Қурбониён, Фурудгоҳи Сабиҳа Гукчен, Истамбул, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ