02:59 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик, дар сини 81-солагӣ, дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон даргузашт.

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Cубҳи имрӯз Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик, дар синни 81-солагӣ бар асари беморӣ даргузаштааст.

Ӯ ҳудуди 60 сол дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва дар солҳои ахир дар шабакаи "Овози тоҷик" кору фаъолият мекард.

Бурҳон Раҳмон соли 1934 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кӯдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст.Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми таҳсил аз соли 1957 то кунун дар Радиои Тоҷикистон ва унвони ровии барнома ва гуфторҳо барои хориҷи кишвар фаъолият мекард.

Маросими видоъ ва ҷанозаи Бурҳон Раҳмон, наттоқи дараҷаи олӣ, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар манзили ӯ, воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе (маҳалаи Хонаи матбуот) баргузор мегардад. Намози ҷаноза дар Масҷиди Сариосиёи Душанбе, баъд аз намози пешин хонда мешавад.

Барчаспҳо:
радио, даргузашт, телевизион, ҷаноза, Радиои Тоҷикистон, Бурҳон Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ