Суқути чархбол дар Олмон мунҷар ба марги ду полис шуд

© AP / Matthias RietschelЧархболи Eurocopter 135. Акс аз бойгонӣ
Чархболи Eurocopter 135. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чархболи Eurocopter 135 бо 3 сарнишин ҳангоми парвози омӯзишӣ дар наздикии майдони футбол, ки он ҷо бозӣ давом дошт, суқут кард.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ду сарнишини чархбол ҳангоми суқути он дар минтақаи федеролии Шлезвиг-Голштейн, ки дар наздикии Гамбург воқеъ аст,ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад додгоҳи маҳаллӣ.

Чархболи Eurocopter 135 дар наздикии майдони футбол, ки он ҷо бозӣ давом дошт, ба садама дучор шуд. Дар дохили чархбол 3 сарнишинон қарор дошта, 2 нафарашон ҷон бохтанд ва халабони сеюм ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шуд, мегӯяд оҷонсии DPA.

Ҳодисаи мазкур рӯзи панҷшанбеи 25 феврал ба вуқӯъ пайваст. Бар асоси фарзияҳои аввалия ин чархбол парвози омӯзишӣ анҷом медод. Сабабҳои суқут таҳқиқ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0