12:52 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Ан-26 дар Бангладеш ва таҳқиқи ҳуввияти қурбониён (3)
2010

Ҳавопаймои боркаши Ан-26, ки барои кашонидани харчангу маҳсулоти истеъмолии баҳрӣ истифода мешуд, ба дарё ғарқ шуд. Ду нафар аз ҷониби моҳигирон наҷот ёфтанд, вале баъдтар яке аз онҳо дар бемористон ба ҳалокат расид.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҳавопаймои боркаш бо чор нафар шаҳрвандони Русия дар соҳилҳои Бангладеш суқут кард, хабар медиҳад нашрияи онлайнии dnews24.com.

"Ҳар чор нафар дар дохили ҳавопаймо шаҳрвандони Русия буданд",-мегӯяд корманди полис Аслам Ҳусейн.

Ҳавопаймо, ки ба ширкати "True Aviation" тааллуқ дошт, соати 09.30 бо вақти маҳаллӣ ба садама дучор шуда, ба баҳр афтод. Ҳавопаймо барои кашонидани харчангҳои баҳрӣ байни шаҳрҳои Кокс-Базар ва  Ҷессор истифода мешуд.

Сафоратҳои Русия ва Бангладеш маълумот дар бораи суқути ҳавопаймо Ан-26-ро месанҷанд.

"Мо маълумотро месанҷем ва то ҳол хабарҳо амиқ нестанд",-изҳор доштанд дар шӯъбаи консулии сафорат.

Ду нафар аз ҷониби моҳигирон наҷот дода шуда, ба беморхона равон карда шуданд. Чуноне аз бемористон хабар доданд якеашон ҷон бохт ва дуюмаш  бо ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон ва оташнишонҳо фаъолият доранд.

Мавзуҳо:
Суқути Ан-26 дар Бангладеш ва таҳқиқи ҳуввияти қурбониён (3)
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, садама, ҳалокати як нафар, суқути Ан-26, ширкати "True Aviation", Аслам Ҳусейн, Ҷессор, Кокс-Базар, Бангладеш, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ