09:58 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Хиёбон дар Бангладеш. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати се сарнишини ҳавопаймои Ан- 26

© AP / A.M. Ahad
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Ан-26 дар Бангладеш ва таҳқиқи ҳуввияти қурбониён (3)
17 0 0

Ба қавли табибон, ҳамаи ҳайати ҳавопаймо, ки чаҳор нафар буданд, шаҳрвандони Украина мебошанд. Ҳавопаймо Ан-26 дар соҳилҳои Бангладеш дар ҳудуди шаҳри Кокс-Базар суқут кард.

ДУШАНБЕ,  9 мар — Sputnik. Дар дохили ҳавопаймо чор нафар қарор доштанд, ки аз онҳо се нафарашон ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба сарпизишки беморхонаи "Cox's Bazar Sadar Hospital" Ратан Чоудхри.

"Аз чор мусофири ҳавопаймо се нафарашон ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт",- гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ,  ҳамаи мусофирон мардони синнашон аз 42 то 50 мебошанд, шаҳрвандии онҳо маълум карда мешавад.

"Ба мо гуфтанд, ки онҳо шаҳрвандони Украина ҳастанд, вале то ҳол ин маълумот тасдиқ нагардидааст. Аммо мо аниқ гуфта метавонем, ки ҳамаи онҳо аврупоианд",-  иброз дошт Чоудхри.

Қаблан иттилоъ пахш шуда буд, ки ҳавопаймои боркаши Ан-26  дар соҳилҳои Бангладеш дар наздикии шаҳри Кокс-Базар ба садама дучор шуд. Консулгарии вазорати хориҷии Украина дар дохили ҳавопаймои  Ан-26 қарор доштани шаҳрвандони Украинаро аз эҳтимол дур намедонад.

Мавзуҳо:
Суқути Ан-26 дар Бангладеш ва таҳқиқи ҳуввияти қурбониён (3)
Барчаспҳо:
марги сарнишинон, суқути Ан-26, суқут, ҳалокат, садама, беморхонаи "Cox's Bazar Sadar Hospital", Ратан Чоудхри, Бангладеш, Украина, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ