Раҳоии гаравгонҳо ҳавопаймои А-320: гуфтушунид идома дорад

© AP / Amr Nabil Ҳавопаймои ширкати EgyptAir. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати EgyptAir. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати авиатсияи Миср маълумот дар бораи озод шудани мусофирони ба асоратафтодаро дар ҳавопаймои ширкати Egypt Air тасдиқ кард. Дар дохили тайёра чор шаҳрванди хориҷӣ бо ҳайати сарнишинон мемонанд.

ДУШАНБЕ,  29 мар — Sputnik. Вазорати авиатсияи Миср маълумот дар бораи озод шудани мусофирони ҳавопаймои ба асорат гирифташударо тасдиқ кард, иттилоъ медиҳад  Sputnik International.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар дохили ҳавопаймои А-320, ки дар фурудгоҳи Ларнаки (Кипр) фуруд омад, 51 нафар мусофирон қарор доштанд.

Ҳавопаймои А-320 дар хатсайри Искандария- Қоҳира парвоз мекард. Баъди ним соати парвоз алоқа бо ширкати ҳавопаймоии Egypt Air қатъ гардид. Дар дохили тайёра 81 нафар мусофир ва 7 сарнишин қарор дошта, он дар фурудгоҳи Ларнаки ба замин нишаст.

Ҷинояткор ҳангоми ғасби ҳавопаймо таҳдиди инфиҷорро кардааст.

Ҳоло гуфтушунид бо ӯ тариқи яке аз халабонҳо идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0