12:46 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Ду қурбонӣ дар садамаҳо. Пас аз боришот

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Боронгариҳои пайдарпайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон боиси фалокат дар роҳҳои кишвар гардида, дар пайи онҳо қурбониён низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳодисаҳои нохуш, ки дар пайи борони сахт дар рӯзҳои аввали моҳи апрел рух доданд, боиси марги 2 нафар гардида, 2 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба қавли манбаъ, дар пайи боришоти зиёд, марди 35-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо автомашинаи "Мерседес-Бенс" аз теппаҳои деҳаи Тераки Токи ҷамоати деҳоти Тугаланг ба чуқурии 196 метр сарозер шудааст.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- омадааст дар хабари ин ниҳод.

Ба ҳамин монанд, рӯзи 2 апрел дар назди нақби Шаҳристон аз куҳ сангпора фаромада, ба қисми чапи "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи сокини 62-солаи шаҳри Исфара аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекардааст, бархӯрдаст.

Бар асари ин ҳодиса мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигар — занони 24-сола ва 31-сола, сокинони ноҳияи Шаҳристон дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Қаблан обуҳавошиносон аз борону тармафароӣ дар Тоҷикистон огаҳӣ дода, сокинонро аз сафар ба манотиқи куҳӣ ҳушдор дода буданд.

Мавзуъ

ВКД: ду садама дар Хатлон ду кушта бар ҷой гузошт
Барчаспҳо:
ронанда, боронгарӣ, қурбонӣ, боришот, ҳалокат, мошин, садама, ВКД ҶТ, Шаҳристон, Темурмалик, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ