Amnesty International: соли 2015 соли рекордии ҳукми қатл дар ҷаҳон

© AFP 2023 / STR Гуруҳе аз муттаҳамон, ки дар Чин ҳукми қатл гирифтаанд. Акс аз бойгонӣ
Гуруҳе аз муттаҳамон, ки дар Чин ҳукми қатл гирифтаанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба афзоиши таъдоди маҳкумшудагон ба қатл асосан кишварҳои Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ мусоидат намуданд. 89 фоизи истифодаи вазнинтарин намуди ҷазо ба ин мамлакатҳо рост меояд, гуфта мешавад дар гузориши ташкилоти байналмиллалӣ.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон Amnesty International мегӯяд, ки дар 25 соли охир шумораи бештарини ҳукми қатл маҳз ба соли соли 2015 рост меояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Иқдоми ҳамҷинсгароён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Amnesty International: милитсияи тоҷик ҳамҷинсгаронро тавтеъа мекунад

"Афзоиши шумораи ҳукми қатл дар соли 2015 нишон медиҳад, ки соли гузашта теъдоди зиёдтарин ҳукми қатл дар 25 соли охир ба амал бароварда шудааст. Асосан ин амал дар кишварҳое чун Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ бештар сабт шудааст. 89 фоизи истифодаи вазнинтарин намуди ҷазо ба ин мамлакатҳо рост меояд",- омадааст дар гузориши солонаи ин ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳукми қатл дар ҷаҳон.

Бино ба иттилоъи ташкилот дар соли 2015 зиёда аз 1,6 ҳазор нафар ба қатл расонида шудаанд, ки ин дар қиёс ба як соли қабл —573 нафар, яъне 50 дарсад зиёдтар аст.

"Ба ин ҳисоб маълумот дар бораи ҳукми қатл дар Чин, ки эҳтимолан онҷо низ ҳазорон одамон ҷазои вазнин гирифтаанд, дохил намешавад, чун дар Чин ҳукми қатл сирри давлатӣ аст",- қайд мешавад дар гузориш.

Арқоми ба даст омада "ташвишоваранд", мегӯяд дабири кулли Amnesty International Салила Шети.

"Боиси хурсандист, кишварҳое, ки дар онҷо ҳукми қатл мавриди амал қарор мегирад, камтаранд. Аксари кишварҳо аз ин намуди ҷазо даст кашиданд  ва соли 2015 боз чор давлати дигар ин ҷазои ваҳшиёнаро аз қонунгузории худ берун карданд", —гуфт ӯ.

Фиҷӣ, Мадагаскар, Ҷумҳурии Конго ва Суринам аз ҷазои ҳукми қатл даст кашиданд. Акнун метавон гуфт, ки қариб аксари мамлакатҳои ҷаҳон (102 давлат) пурра истифодаи "чораи охирин"-ро бекор кардаанд.

Дар Покистон дар давоми соли 2015 шумораи рекордӣ барои ин кишвар-320 нафар ва дар Эрон- 977 нафар ҷон бохтанд. Дар ҳоле, ки чор нафари онҳо дар давлати исломӣ ҳатто ба синни 18 нарасида буданд. Дар Арабистони Саудӣ 158 ҳукми қатл иҷро шудааст, ки ин шумора то 76% нисбати соли 2014 зиёдтар аст. Қисме аз ҷазогирандагон ошкоро ба қатл расонида шуданд.

Шумораи эъдомшудаҳо дар Миср ва Сомалӣ низ афзоиш ёфт. Дар шаш кишвар, ки соли 2014 ягон касро ба қатл нарасонида буданд, соли 2015 ҳукми қатлро иҷро намуданд. Ҳукумати Чад дар даҳ соли охир бори аввал ҳукми қатлро дар нисбати як шаҳрвандаш анҷом дод.

"Панҷ кишваре, ки соли 2015 шумораи бештарини ҳукми қатл доранд-Чин, Эрон,Покистон, Арабистони Саудӣ ва ИМА мебошанд, шумораи қатл дар ҳамин тартибот дар ин кишварҳо анҷом ёфтааст",- қайд мешавад дар гузориш.

Дар Кобул ба чаҳор нафар аз қотилони Фархунда ҳукми эъдом доданд

"Дар ИМА 28 нафар ба  қатл расонида шудаанд, ки камтарин шумора шурӯъ аз соли 1991 то имрӯз мебошад. Шумораи ҳукми қатл бошад 52- камтарин шурӯъ аз соли 1977 то имрӯз. Иёлоти Пенсилвания барои ҳукми қатл моротория гузаронид ва акнун 18 иёлоти ИМА пурра ҳукми қатлро бекор карданд", —гуфта мешавад дар санад.

Ягона кишвар дар Аврупо, ки ҳамоно дар он ҳукми қатл ҷорист, Белорус мебошад.

 "Ҳарчанд соли 2015 дар ин кишвар ҳеч кас ба қатл расонида нашуда бошад ҳам, на камтар аз ду ҳукми қатл дар додгоҳ эълон шуд", —қайд мекунад Amnesty International.

"Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон мораторияи расмиро дар истифодаи ҳукми қатл риоя мекунанд", — омадааст дар гузориш.

Вазъ дар ин росто дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ташкилотро аз ҳама беш ба ташвиш овардааст. Дар кулли кишварҳои ин минтақа ғайр аз Шоҳигарии Яман ва Исроил соли 2015 ҳукми қатл мавриди амал қарор гирифт. Дар умум дар ҳудуди ин минтақа зиёда аз 1 ҳазору 196 нафар эъдом шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0