19:50 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Ёрии твъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди ҶТ дар метрои Маскав ҳадафи тир қарор гирифт

© Sputnik / Игорь Зарембо
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Дар истгоҳи метрои мавсум ба "Калуга"- и Маскав дар натиҷаи як муноқиша як мусофир мавриди ҳамлаи дигар мусофир қарор гирифта, аз ноҳияи сараш ду тир аз туфангчаи пневматикии " Оса" хӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Рӯзи ҷумъаи гузашта дар метрои "Калуга" як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мусофири дигар қарор гирифта, аз ноҳияи сараш ҷароҳат бардошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости ба истинод ба РКД дар метрополитени Маскав.

Зимнан, Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Русия эълон дошт, ки ҷабрдида сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошад.

"Шахсе, ки мавриди ҳамла дар метро қарор гирифтааст, Саидов Сулаймон Нуровичи 39- сола, зодаи ноҳияи Восеъи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло ӯ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ аст",- меафзояд манбаъ.

Айни замон ӯ ҷарроҳӣ шуда, Сафорати Тоҷикистон қазияро якҷоя бо пулис пайгирӣ дорад.

"Ҳоло шахси ҳамлагар, ки мутаваллиди соли 1957 аст, боздошт гардида, дар нисбати ӯ бо иттиҳоми "сӯиқасд ба ҷони одам" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст",- иброз дошт намояндаи Комиссияи тафтишотии Русия Юлия Иванова.

Барчаспҳо:
Оса, туфангча, муҳоҷир, муҳоҷири тоҷик, аслиҳа, захмдор, тир, метрои "Калуга", сафорати Тоҷикистон, Юлия Иванова, Саидов Сулаймон, Восеъ, Хатлон, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ