18:47 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Низомиён дар вилояти Ҳилманд. Акс аз бойгонӣ

Инфиҷор дар Кобул. Қурбониён низ ҳастанд

© AP / Abdul Khaliq
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Баъди инфиҷор ҳашт низомӣ бо захмҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд. Тахмин меравад, ин амалиёт алайҳи идораи амнияти Афғонистон равона шуда буд.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар маркази Кобул таркиш ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Рейтер.

Хабар дода мешавад, ки дар осмон дуди ғафс намоён гардид.

Дар назди сафорати ИМА садоҳо шунида мешаванд. Дар паҳлӯи сафоратхонаи ИМА қароргоҳи СММ дар Афғонистон ҷой гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ин биноҳо аз инфиҷор зарар надиданд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мегӯяд, бар асари таркиш дар қисми марказии Кобул чандин нафар ба ҳалокат расида, маҷрӯҳшудагон низ ҳастанд.

Маъмурияти раёсатҷумҳурӣ дар изҳороти худ ҳамларо "маҳкум" кард.

Мувофиқи маълумоти оҷонсӣ таркиш эҳтимолан ба идораҳои амнияти кишвар равона шуда буд.

Чуноне намояндаи беморхонаи маҳаллӣ хабар медиҳад, пас аз инфиҷор ба бемористон ҳашт низомӣ бо захми сабук бистарӣ гардиданд. Шумораи умумии маҷрӯҳшудагон то ҳол маълум нест.

Чанд рӯз қабл бар асари таркиш дар шаҳри Ҷалолобод 12 нафар ба ҳалокат расида, 27 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буданд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.

 

 

Мавзуъ

Толибон аз “ҳуҷуми баҳорӣ” алайҳи Амрико дарак дод
Барчаспҳо:
террорист, террор, ҳуҷум, амният, таркиш, инфиҷор, қароргоҳи СММ, сафоратхонаи ИМА, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ