10:31 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Қувваҳои низомӣ боз панҷ эсктремистро дар Қазоқистон нобуд сохтанд

© AP / Peter Leonard
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
30 0 0

Рӯзи якшанбе дар се ноҳияи Қазоқистон тирзанӣ ба вуқӯъ пайваст. Чуноне хабар дода мешавад, аз ҷонияткорон қисми калони аслиҳаи дуздидашуда, мусодира карда шуд. Дар баробари ин ду нафари дигар дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Шаби рӯзи душанбе дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон, панҷ ҷинояткор нобуд карда шуда, ду нафари дигар дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД Қазоқистон.

"Дар рафти амалиёти вижаи шабона зимни дастгир кардан ва муқобилият нишон додани ҷинояткорон ба кормандони милитсия, панҷ ҷинояткор нобуд карда шуда, ду каси дигар дастгир гардид ",-омадааст дар иттилоия.

Тибқи маълумот аз ҷинояткорон қисми калони асҳилаи дуздидашуда мусодира гардид.

"Шахсияти ҷинояткорон маълум карда шуда, барои ҷустуҷӯ ва дастгир кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд"-хабар медиҳад мақомот.

Тибқи маълумоти ВКД айни ҳол дар вилояти Оқтеппа низоми амалиёти зиддиреррористӣ ҷорӣ аст. Ҳамаи мақомотҳои амнияти кишвар ва ҳайати шахсии кормандони вазорати дохилаи мамлакат фаъол карда шудаанд.

"Вазъият дар шаҳри Оқтеппа айни замон ором аст, корхонаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври муқаррарӣ кор мекунанд",-изҳор доштанд дар мақомот.

Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии шаҳри Оқтеппа  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки чор ҷинояткор ба қатл расонида шуда, ҳафт нафари дигар дастгир гардиданд.

Мавзуҳо:
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
Барчаспҳо:
тирандозӣ, ҳамлаи мусаллаҳона, террористон, боздошт, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ