Падару модар писари худро аз доми тимсоҳ наҷот дода натавонистанд.

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоғи миллии Чобе дар Ботсван. Акс аз бойгонӣ
Боғи миллии Чобе дар Ботсван. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фоҷиа дар наздикии меҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa, ки дар қаламрави боғи машҳури фароғатии Disney World ҷойгир аст ба вуқӯъ пайваст. Наҷотдиҳандагон кӯдакро кофта истодаанд.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik.  Дар иёлоти Флоридаи ИМА тимсоҳ писари дусоларо ба доми худ кашид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи АВС.

Фоҷиа шоми рӯзи сешанбе дар шаҳри Орландо дар наздикии меҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa, ки дар қаламрави боғи фароғатии машҳури Disney World, ҷойгир аст ба вуқӯъ пайваст. Аҳли оила иборат аз панҷ нафар ба ин ҷо бо мақсади истироҳат омада буданд.

Пулиси минтақавӣ  Ҷерри Деминг (Jerry Deming) зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки писарбача ҳамроҳи аҳли оилааш дар соҳили кӯли Seven Seas Lagoon қарор доштааст. Ҳамон замон тимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуд. Модар ва падари кӯдак кӯшиш карданд, то писарашонро наҷот диҳанд, вале бе натиҷа. Дар бораи фоҷиа соати 21.00 бо вақти маҳаллӣ ба пулис хабар дода шуд.

"Замоне, ки кӯдак дар об бозӣ мекард падар дар наздаш буд",-изҳор дошт Деминг зимни гуфтугӯ бо рӯзноманигор.

Ба қавли Деминг зиёда аз 50 корманди пулис дар ҷустуҷӯи писарбача  қарор доранд. Ҳамчунин ба кормандони пулис чархболҳои рӯшноидиҳанда ёрӣ мерасонанд. Вале бо сабаби шаб шудан, ҳама ҷо торик аст ва ин кофту ковро мушкил мекунад. Ғайр аз ин дар қаламрави боғ боз якчанд кӯли дигар ҷойгир ҳастанд.

Тааҷҷубовараш он  аст, ки чи гуна дар боғи машҳур ҷое, ки тамоми атрофи он аз ҷониби кормандони касбӣ назорат карда мешавад, чунин фоҷиа ба вуқӯъ пайваст. Деминг ҳамчунин иҳзор дошт, ки то ин давра дар ин минтақа чунин фоҷиаҳо ба вуқӯъ наомада буд. Ӯ қайд кард, ки дар назди кӯл навиштаҷоти "Оббозӣ манъ аст" қаблан гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0