Дар метрополитени Маскав дар ду рӯзи охир ду нафар ҷон доданд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкДар метрополитени Маскав, акс аз бойгонӣ
Дар метрополитени Маскав, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон марди ба роҳ афтодаро халос намуда, ба дасти кормандони тиб супориданд. Аммо дертар мусофир вафот кард. Ҳаракати қатораҳо метро аз истгоҳи "Алтуфьево" то "Отрадное" қатъ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik.Мусофири метрои Маскав дар натиҷаи афтидан ба роҳи оҳани истгоҳи "Бибирево" ба ҳалокат расид.

Кормандони метрополитен мардро аз роҳи оҳан гирифта, ба дасти кормандони тиб супориданд. Аммо дертар мард ба ҳалокат расид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҷузъиётҳои ин ҳодиса муайян карда мешавад.

Дар натиҷаи фалокат ҳаракати қатораҳо аз истгоҳи Алтуфьево" то  "Отрадное" қатъ карда шуд.

Ин аллакай дар тайи ду рӯз дуввумин рӯйдод аст, аст ки дар натиҷаи афтидан ба роҳи оҳани метро мусофирон ба ҳалокат мерасанд. Рӯзи гузашта дар истгоҳи "Выхино" низ чунин вазъият ба амал омад. Дар ин ҳолат низ мард қурбони роҳ гардид.

Лентаи хабарҳо
0