03:39 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тозакунии роҳ. Акс аз бойгонӣ

Сокини ноҳияи Рӯшон: ду рӯз боз фарзандонамро надидаам

© Sputnik / Владимир Иванов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
822 0 0

Роҳҳо маҳкам, ду рӯз мешавад, ки дар маркази ноҳия мондаам. Хушбахтона хешовандонам ин ҷо зиндагӣ мекунанд, вагарна дар кӯча мемондам, мегӯяд Гулчеҳра

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Роҳҳо миёни ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд ва дигар навоҳии дурдасти Тоҷикистон чанд рӯз боз бо сабаби боришоти зиёди барф баста шудаанд.

Сокини ноҳияи Рӯшон, Гулчеҳра, ки дар маркази ноҳия кор мекунаду дар яке аз деҳаҳои назди марказ ба сар мебарад,  мегӯяд, ки ду рӯз боз  ба деҳааш нарафтааст ва фарзандонашро надидааст.

"Ду рӯз боз фарзандонамро надидаам. Хушбахтона хешовандонам дар ноҳияи Рӯшон ҳастанд. Ду рӯз ман дар маркази ноҳия ҳастам, ба хона рафта наметавонам",-гуфт Гулчеҳра дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Баста шудани роҳҳо дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ аз  эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии  ВМКБ, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим  хабар дода, мегӯяд, ки  хатар ҳамоно боқӣ хоҳад монд.

Ҳамин тавр 28 январи соли 2017 дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ВМКБ 2 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳкам аст, бештар аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд.

Ҷиҳати интиқоли одамон, бино ба иттилои манбаъ гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 28 то 29-уми январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав макони амн интиқол дода шуд.

Кумита  аз ҷарии  150 метр  4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд.
барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намудааст.

Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.

Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.

Ном иваз шудааст.

Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)

Мавзуъ

Сардиҳои баъдисолинавӣ: ҳушдори КҲФ аз бориши шадиди барф
Ҳушдори КҲФ аз бориши борон, барфи тар ва фаромадани туман
КҲФ аз боришоти сахт ва шамоли шадид ҳушдор медиҳад
Барчаспҳо:
баста шудани роҳҳо, барф, барфрезӣ, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ