10:46 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Ғарқшавии мошин дар барф. Акс аз бойгонӣ

Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз таги барф ёфт шуд

© REUTERS / Omar Sobhani
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
17212

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз таги браф бароварданд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, ки санаи 28-уми январ дар пайи бориши зиёди барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуд, дирӯз аз ҷониби наҷотдиҳандагон бароварда шуд, менависад РИА Новости аз қавли сухангӯи хадамоти матбуоти КҲФ Умеда Юсупова.

"Дар пайи тармафароӣ, ки санаи 28-29-уми январ дар кишвар ба қайд гирифта шуд, дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нӯҳ нафар ба ҳалокат расид. Ҷасади нафари 10-ум, ки гумшуда ҳисобида мешуд, рӯзи якшанбе дарёфт шуд. Шахсияти ҳамаи фавтидагон маълум ва ҷасади онҳо ба хешовандонашон супурда шуд",-гуфт ӯ.

Мувофиқи маълумоти IRS, ки фаъолияти роҳи Душанбе-Хуҷандро бар дӯш дорад, хабар дод, ки дар айни замон шоҳроҳи Душанбе-Чанак дар пайи фаромадани тарма дар минтақаи 48-73-километрӣ баста шудааст. Дар минтақаи гуфташуда, техникаҳои махсус сафарбар карда шудаанд.

Дар баробари ин ҳафтаи дуюм мешавад, ки роҳи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ баста аст. 

Кормандони КҲФ танҳо ба муддате, роҳҳои Хоруғ-Душанберо кушоданд, вале шоҳроҳҳои дохилии Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ Ишкошим дар натиҷаи тармафароӣ ҳамоно бастааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамоно аз хатари яхбандӣ бориши барзиёди барф ва тармафароӣ огоҳ мекунад. КҲФ  аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ карда, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)

Мавзуъ

Милисаи тоҷик мардумро наҷот доду худ ҳалок шуд
Барчаспҳо:
10 кушта, марги шаҳрванди Тоҷикистон, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ