Шавҳаре дар Ёвон ҳамсарашро куштаву ҷасадашро оташ задааст

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкҳабс, акс аз бойгонӣ
ҳабс, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марде дар Ёвон дар паи ҷанҷол бо ҳамсараш ӯро куштаву ҷасадашро оташ задааст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани куштори бераҳмонаи зане дар ноҳияи Ёвон иттилоъ дод.
Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, нерӯҳои интизомӣ дар паи бозҷӯии қазияи қатли зане дар ноҳияи Ёвон ҳамсари 38-солаи ӯро боздошт кардаанд. 
Гуфта мешавад, ки ин мард 27 маи соли 2016 дар паи ҷанҷол бо ҳамсараш ӯро куштааст. Барои пинҳон кардани ҷинояташ ӯ ҷасади ҳамсарашро ба заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон бурдаву оташ зада ва боқимондаи ҷасадро дар халтае гӯрондааст.

Кормандони милиса ин мардро ба иттиҳоми содир кардани куштор дастгир кардаанд ва бозҷӯии қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0