00:48 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Милиса, акс аз бойгонӣ

Инфиҷор дар шаҳри Ростови лаби Дон

© Sputnik / Евгений Одиноков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Бино ба гузоришҳои дарёфтӣ, дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Ростови лаби Дон инфиҷор рух дода ки дар натиҷаи он як мард захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Имрӯз бомдод дар назди як омӯзишгоҳ дар шаҳри Ростови лаби Дон таркиш рух дод.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар натиҷаи ин инфиҷор марде, ки дар он мактаб рӯфтгарӣ мекунад, захмӣ шуда аст.

​Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми рӯбучин бастаеро аз замин бардошта то дур андозад, вале он мунфаҷир шуда ва панҷаҳояшро кандаву шикамашро захмӣ карда аст.

Нерӯҳои интизомӣ зуд ба маҳалли инфиҷор расида ва бозҷӯии ин қазияро оғоз кардаанд. Мактаб таътил шудааст.

 

Барчаспҳо:
мактаб, инфиҷор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ