17:04 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
76841

Бархе аз рустоҳои ноҳияи Рӯшон дар паи тундбод як шабонарӯз бебарқ монданд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тундбоди шадид дар бархе аз рустоҳои ноҳияи Рӯшон якчанд хонаро бе бом ва мардумро бе қувваи барқ кард. Хушбахтона ин рухдод осебе бар ҷони бошандагон нарасонд.

Чуноне ки бархе аз бошандагони ноҳияи Рӯшон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, аз ин тундбод деҳаи Шудҷанд бештар аз дигар рустоҳо осеб дидааст. Ба гуфти яке аз аҳолии ин русто, тундбод нахуст симҳои барқро канду сипас бомҳои чанд хонаро ба замин афканд.

"Боми хонаи хоҳарзодаам ба замин афтод. Боз бомҳои чанд манзили дигар ҳам париданд. Тундбод бисёр шадид буд. Дарахтонро решакан кард", — гуфт мусоҳиб.

Ин тундбод сокинони ноҳияи Рӯшонро бе барқ монд. Вале ба гуфти яке аз сокинони маркази ноҳияи Рӯшон Гулсара, аксари рӯзадорон ҳамакнун аз газ истифода мебаранд ва набудани қувваи барқ рӯзагирии онҳоро халадор накард.

"Мо як шабонарӯз барқ надоштем. Тақрибан аз чошти 4 июн то чошти рӯзи 5 июн. Бод вазиду ноқилҳо канда шуданд. Ҳатто иртиботи телефонӣ ҳам набуд. Антени ширкати Мегафон, низ аз тундбод осеб дид", — гуфт Гулсара.

Мавзуъ

Борон, барф ва шамол: боду ҳавои Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнӣ
Барчаспҳо:
ноқилҳо, бебарқӣ, тундбод, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ