16:05 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Донишҷӯ, акс аз бойгонӣ

Вазири тандурустӣ барои марги донишҷӯ мудири коллеҷи тиббиро барканор кард

© Sputnik / Владимир Федоренко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
32001

Тавре ки модари донишҷӯи кушташуда ба раисҷумҳур шикоят кардаст, писарашро шаш донишҷӯи коллеҷи мазкур лату кӯб кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik.  Чуноне ки Sputnik Узбакистон хабар медиҳад, вазири  тандурустии кишвар Алишер Шодмонов барои марги як донишҷӯи Коллеҷи тиббии Тошканд роҳбарияти муассисаро барканор кардааст.

Хабар дода мешавад, ки донишҷӯ- Ҷасурбек Иброҳимов дар натиҷаи бардоштани захмҳои гуногун ба ҳалокат расидааст. Тибқи тафтишотҳои пешакӣ як нафар донишҷӯи ҳамин коллеҷ ҳамчун гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Модари марҳум ба раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мактуб навишта, гуфтааст, ки писараш аз ҷониби шаш нафар донишҷӯёни коллеҷ лату кӯб карда шудааст.

Дар натиҷа, вазири тандуруситии Узбакистон қарори аз мақом барканор кардани мудири коллеҷи тиббӣ ва ду муовинашро ба имзо расонид.

Барчаспҳо:
лату кӯб, донишҷӯ, Коллеҷи тиббӣ, Вазорати тандурустӣ, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ