15:23 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Нишонагузорӣ дар роҳ, акс аз бойгонӣ

Дар рӯзҳои истироҳатӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ду наврас ба ҳалокат расиданд

© Torange
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3101

Рӯзи якшанбе, 11-уми июн дар роҳҳои кишвар дар натиҷаи беэҳтиётии ронандагон ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 11-уми июни соли 2017, тахминан соати 11.40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", марди 27-солаи сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Балхӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст.

Дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамин рӯз, тахминан соати 18.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Таҳти-Алиф ба самти шаҳри Роғун духтарчаи 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тибқи ахбори манбаъ, таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
ронанда, бехатарӣ, роҳ, наврасон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ