Гар шиновар нестӣ..: Донишҷӯ ва мавҷсаворон аз ғарқ шудан наҷот ёфтанд

© Sputnik / Борис Ушмайкин / Гузариш ба медиабонкРека Сырдарья в районе города Ленинабада
Река Сырдарья в районе города Ленинабада - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҳафтаи гузашта се касро аз ғарқ шудан дар Сирдарё ва Баҳри тоҷик наҷот додаааст

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Чуноне ки Ситод гузориш додааст, шоми 10-уми июн ду тан аз бошандагони шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ҳангоми саворӣ бо ҳидросикл дар "Баҳри тоҷик" фармонро аз даст дода онро чаппа кардаву ғарқ шудан гирифтааанд.

Гурӯҳи наҷотдиҳандагон бо дарёфти хабар аз ин рухдод зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда онҳоро наҷот медиҳад.

Ҳоло ин шаҳрвандон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Берег озера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду кӯдак ҳангоми говбонӣ дар “Баҳри тоҷик” ғарқ шуданд

Ҳамчунин, бино ба гузориши ин ситод яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Хуҷанд ҳангоми шино дар мавзеъе аз Сирдарё, ки обозӣ дар он мамнуъ буда, ғарқ мешавад. Аммо наҷотдиҳандагон зуд огоҳ шуда, ӯро ҳам наҷот додаанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ҳамвора аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки қоидаҳои эманиро ҳангоми тафреҳ дар рӯдборҳо ва шино дар рӯдҳо риоя карда ва кӯдаконро дар ин мавзеъҳо беназорат нагузоранд.

Ситоди умури изтирорӣ барои пешгирӣ аз пешомадҳои нобаюсида ба шаҳрвандон тавсия медиҳад:

1. Танҳо дар ҷойҳое шино кунанд, ки барои оббозӣ ва шино таҷҳиз шудаанд: яъне шиногоҳҳо;

2. Дар ҳоли сархӯшӣ аз машрубот ва маводи мухаддир ба об надароянд;

3. Сари роҳи қоиқҳои моторӣ ва ҳидросиклҳо шино накунанд. Зеро мавҷе, ки аз рафтани онҳо бар мехезад, метавонад шиноварро ғарқ кунад;

4. Дар ҷойҳои ноошно худро ба об на андозанд, зеро метавон бо сангу хоку дигар чизҳо дар зери об бар хӯрду аз ҳуш рафт ё ҷон бохт;

5. Ҳангоми шино аз бозиҳои хатарнок худдорӣ кунанд;

6. Кӯдаконро дар канори рӯду ҳавзҳо бе назорат нагузоранд.

7. Ба аломатҳои огаҳирасон таваҷҷуҳ кунанд ва ҷиддан тибқи онҳо амал кунанд.

Шоҳидони ғарқ шудани касе бояд фавран наҷотдиҳандагонро аз ин пешомадҳо огоҳ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0