06:20 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Фаромадани сел дар Панҷакент

Марги чӯпон, ҷароҳати наврас ва корношоям гаштани роҳу заминҳои корӣ дар пайи фаромадани сел

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской области
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ барои чидани ҳезум ва чаррондани чорво ба кӯҳ баромада, дар пайи фаромадани сел бедарак гаштааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд дар пайи фаромадани сел дар чанде аз деҳоти ноҳияи Айнӣ як тан кушта шуда, як шаҳрванди дигар ҷароҳат бардоштааст, илова бар ин пас аз ин офати табиӣ роҳҳои мошингард, заминҳои корам  корношоям гаштанд.

Манбаъ меафзояд ӯзи 27 июн дар ҷамоати деҳаи  Урметан, деҳаҳои  Лангшар, Вашан, Ревати ноҳияи Айнӣ фаромадани сел ба қайд гинрифта шуд.

Дар натиҷа, 28-уми июн ҷасади марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти  Урметан ёфт гардид, ки як рӯз пештар бедарак гардида буд.

"Муайян гардид, ки мард барои ҷамъ кардани ҳезум ва чарронидани чорво ба кӯҳ баромада будааст",- қайд мегардад дар хабар.

Илова бар ин, дар деҳаи Патхини ноҳияи мазкур як навраси 16-сола ҳангоми подабонӣ осеб дидааст. Тавре ки дар хабар қайд мешавад, наврас дар натиҷаи фаромани санг аз болои кӯҳ ҷароҳат мебардорад.

"Айни замон шаҳрванд дар беморхона бистарӣ шудааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамзамон  санаи 27 июни соли равон дар натиҷаи боришоти пай дар пайи борон ва омадани сел дар ноҳияи Шаҳристон тариқи Ясқоқ сой ва Шаҳристон сой сел фаромада, 1 адад пули байни деҳаи Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳристон ва 3 адад хонаи истиқоматии деҳаи Ҳисори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон селоба даромад, зарар расонидааст. 

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми июн дар кишвар ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, эҳтимол меравад, ки шамоли тунд ва бориши боронҳои зиёд ба қайд гирифта шавад.

Ситод бори дигар аз тамоми сокинон ва меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш дорад, ки дар чунин вазъи обу ҳаво эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд, то худ ва наздиконашонро зери хатар нагузоранд.

Барчаспҳо:
фаромадани сел, Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ