Сангрезиш дар Тавилдара ду кушта бар ҷой гузошт

© AP / NIKOLAS GIAKOUMIDISКамнепад, архивное фото
Камнепад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Резиши санг худрави "Hyundai"-ро, ки шаш мусофир дошт, ба варта афкандааст. Дар ин ҳодиса ду кас кушта ва чаҳор кас захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории ТоҷикТА, резиши санг дар роҳи Дарвоз — Нуробод ду кушта бар ҷой гузоштааст.

Ин ҳодиса наздики рустои ҷамоати деҳоти Тавилдара рух додааст. Резиши санг худрави "Hyundai"-ро, ки шаш мусофир дошта, ба варта афкандааст. Дар ин ҳодиса ду кас куштаву чаҳор кас захмӣ шуданд.

Яке аз захмиён пирамарде 80-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва се каси дигар аз ноҳияи Дарвоз будаанд, ки ба бемористон бурда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0