12:44 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Ронанда ҳангоми ҳаракат ба қафо ногаҳон кӯдаки хурдсолеро пахш кард. Дар натиҷа писарбача аз ҷароҳати бардоштааш ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Бохтар писарчае дар паи иштибоҳи ронанда кушта шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, 26-уми июли соли 2017, тахминан соати 17:20 дақиқа, ронандаи худрави "БМВ-318", марди 28-солае аз ноҳияи Бохтар ҳангоми ба тарафи қафо ҳаракат кардан, ногаҳон кӯдаки чаҳорсолаеро пахш кардааст. 

Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад, мегӯяд Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, ноҳияи Бохтар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ