09:59 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Ду навҷавонон дар шаҳри Ваҳдат худрави пирамарди 71-соларо рабудаанд, вале аз уҳдаи идораи худрав бар наомада дар роҳ онро чаппа кардаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи ин садама навҷавони 17-солае сахт захмӣ шуда ва дар бемористон ҷон бохтааст.

ВКД ҳодисаро ба шакли зайл нақл мекунад.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 71-солаи сокини деҳаи Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 26-уми июн тахминан соати 08:30 навҷавоне 18-сола аз деҳаи Сари чинор ва навҷавоне 17-сола аз деҳаи Шоразм худрави "Опел-Астра"-ашро аз назди хонааш дуздиданд.

Онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Яккатол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт бар наомада, худравро чаппа кардаанд.

Дар натиҷа навҷавони 17-сола сахт захмӣ шуда ва дар бемористон ҷонашро бохтааст.

Манбаъ меафзояд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Мавзуъ

ВУД: Ҷавони 21-солаи кӯлобӣ 16900 сомонӣ ва дулорҳои пирамардро дуздид
“ВАЗ-2106”- ро кӣ дуздид? шарҳи вазорат
Шахси номаълум бо таҳдиди тапонча аз Сбербанк пул дуздид
Барчаспҳо:
ҳалокат, дуздӣ, садама, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ