04:56 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Нож в руках

ВУД: ҷавони 24-солае пас аз корд задани бародараш ба милиса таслим шуд

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife Outtake
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Ҷавон пас аз корд задани бародараш, худ ба шуъбаи милисаи шаҳри Турсунзода омада, аз ин ҳодиса хабар додааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми августи соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо бародараш марди 19-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. 


Бо далели ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
кордзанӣ, ду бародар, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ