09:39 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
40010

Сокини 27 солаи пойтахт дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 4 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, фоҷиа рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Тахминан соати 13:50 ронандаи худрави тамғаи "Тайота ЛК-200", Низомиддин Асоев-соли таваллудаш 1985 сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самти кӯчаи Р. Набиеви пойтахт ба самти кӯчаи Борбад дар рӯ ба рӯи бозори "Мадад" аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" бархурдааст.

Ин худрав таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолов-соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе будааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", шаҳрванд — Ҷалолов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзуъ

Ҳалокати кӯдаки панҷсола дар садама
Садама дар Остона: автобус бо нӯҳ худрав бархурд
Як садама ва 7 осебдида: аз зарби садама худрав ба пиёдароҳа парид
Навҷавоне худрави пирамарди 71-соларо дуздиду дар садама ҳалок шуд
Барчаспҳо:
марги ҷавони тоҷик, ВКД-и Тоҷикистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ