12:54 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Капитан Эҳсонҷон Ҷалолов панҷ сол пеш омӯзишгоҳи ҳарбии Русияро хатм кардаву дар сафи Нерӯҳои ҳавоии Вазорати мудофиъа хизмат мекардааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Халабони ҷавони тоҷик дар садамаи нақлиётие дар шаҳри Душанбе ҳалок шуд.

Дар ин бора ВКД хабар дода афзудааст, ки қазия рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Душанбе рух додааст.

Хабар дода шуд, ки тахминан соати 13:50 ронандаи худрави тамғаи "Тайота ЛК-200", Низомиддин Асоев-соли таваллудаш 1985 сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самти кӯчаи Р. Набиеви пойтахт ба самти кӯчаи Борбад дар рӯ ба рӯи бозори "Мадад" аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" бархурдааст.

Садама. Акс аз бойгонӣ
© Фото : предоставлено ГУ МЧС по Чеченской Республике

Ин худрав таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолов-соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе будааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", шаҳрванд — Ҷалолов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, ВКД-и Тоҷикистон, Эҳсол Ҷалолов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ