Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп ҳамдардӣ кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп куштори мардум дар Лас-Вегасро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме куштори шаҳрвандони амрикоӣ дар Лас-Вегасро ба хонаводаҳои кушташудагон ва Доналд Трамп таслият гуфт.

Президент России Владимир Путин принимает участие в саммите Группы двадцати в Гамбурге - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин куштори мардум дар Лас-Вегасро ба Доналд Трамп таслият гуфт

Дар паёме, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур матнашро мунташир кардааст, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ, 

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

Лентаи хабарҳо
0