15:24 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд", ронанда ва мусофир ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, ҳодиса субҳи рӯзи 7 октябр рух додааст.

Бомдоди рӯзи 7-уми октябр ронандаи худрави тамғаи "MAN", Домуллоҷон Шодиев, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст.

Дар дохили худрав ронанда ва як мусофир қарор доштааст.

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш Иномҷон Солиев, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ